Фестивали “Футбол бо номи дӯстӣ” ҷамъбаст гардид – Федерация Футбола Таджикистана

Фестивали “Футбол бо номи дӯстӣ” ҷамъбаст гардид

Имрӯз, 26 май, дар варзишгоҳи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Фестивали кӯдакону наврасон зери шиори “Футбол аз барои дустӣ” анҷом ёфт. Фестивали мазкур ҳафтае пеш дар Ҷумҳурии Қирғизистон оғоз шуда буд.

Дар маросими ҷаъбастии ин чорабинӣ, ки бо иштироки 60 нафар наврасон аз Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қиргизистон сурат гирифт, Сардори раёсати ҷавонон, варзиш ва сайеҳии вилоя и Суғд Олимҷон Зоҳидзода  ва муовини аввали раиси ФФС Хуршедҷон Ақдодов ва намояндаи ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Қирғизистон Бермет Молтаев иштирок намуданд.

Қобили қайд аст, ки ба иштирокчиёни Фестивал бозингарони ботаҷрибаи суғдӣ Анвар Норқулов, Насим Баротов, Равшан Марофиев ва Шонаим Бобоев нозукиҳои маҳорати бозии футболро нишон доданд.
Дар охир ба ҳамаи иштирокчиёни чорабинӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Добавить комментарий