Федератсияи футболи Душанбе – дар қатори беҳтаринҳо! – Федерация Футбола Таджикистана

Федератсияи футболи Душанбе – дар қатори беҳтаринҳо!

Дар шоҳигарии Монако аз 25 то 27 ноябр форуми ташкилоти байналмилалии «Peace and Sport» доир гардид, ки дар он кишвари моро Федератсияи футболи Душанбе намояндагӣ кард.

8-умин форуми байналмилалӣ намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, варзиш ва сулҳ, сиёсатмадорон ва варзишгарони маъруфи ҷаҳонро дар худ ҷамъ сохт. Мақсади асосии форум тавассути варзиш ба сулҳу хамдигарфаҳмӣ  расидан мебошад.

Дар анҷоми форум маросими анъанавии мукофотонӣ (Peace and sport Awards) доир шуд. Ғолибон аз рӯи ҳашт номинатсия, аз ҷумла «Федератсияи сол» (Federation of the year) муайян карда шуданд. Федератсияи футболи Душанбе, ки онро ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯраев сарварӣ мекунад, ба гирифтани мақоми дуюм шарафёб шуд. Ғолиби форум дар ин номинатсия Федератсияи волейболи Фидҷи гардид.

Добавить комментарий