Фаррух Авезов бо ҷоизаи биринҷии КФО сарфароз гардонида шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Фаррух Авезов бо ҷоизаи биринҷии КФО сарфароз гардонида шуд

Духтури мунтахаби миллии Тоҷикистон ва бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанбе Фаррух Авезов барои хизматҳои шоёнаш дар рушди соҳаи тибби варзишӣ бо ҷоизаи биринҷии прзиденти Конфедератсияи футболи Осиё сарфароз гардонида шуд.

Ҷоизаро ба Фаррух Авезов барои фаъолияти бештар аз понздахсолаашон дар соҳаи тибби футболӣ дар панҷум Конференсияи тиббии КФО, ки имрӯзҳо дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон гузашта истодааст, дабири кулли Конфедератсияи футболи Осиё Дато Виндзор Ҷон супорид.

Ҷоизаи КФО ба 18 нафар кормандони соҳаи тибби варзишӣ аз давлатҳои Ҷопон, Ҳиндустон, Мянма, Лубнон, АМА, Бангладеш, Эрон, Малайзия, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон ва Ветнам  тақдим карда шуд. Ба панҷ нафари онҳо, ки собиқаи корияшон дар соҳаи тибби варзишӣ бещтар аз  25 солро ташкил медиҳад, ҷоизаҳои тилло ва ба нӯҳ нафар, ки дар ин соҳа собиқаи бештар аз 15 соларо доранд, ҷоизаи нуқраи президенти КФО супорида шуд.

Добавить комментарий