Фаластин – Тоҷикистон: мусовӣ дар Хеврон – Федерация Футбола Таджикистана

Фаластин – Тоҷикистон: мусовӣ дар Хеврон

Имрӯз, 6 сентябр, мунтахаби миллии Тоҷикистон дар Хеврон бо тими миллии Фаластин, ки  дар раддабандии ФИФА мақоми 115-умро ишғол мекунад, бозии дӯстона гузаронд. Бозӣ дар варзишгоҳи «Дура» доир гардида бо ҳисоби баробари 1 бар 1 анҷом ёфт. Ҳисобро дар вохӯри футболбозони тоҷик боз карданд, амо ҳисоби ғолибиятро нигоҳ дошта натавонистанд ва дар қисми дуюми бозӣ фаластиниҳо аз зарбаи пеналти ҳисобро мусовӣ сохтанд.

Бозӣ бо Фаластин барои мунтахаби миллии Тоҷикистон 122-юм вохӯрии расмӣ аз замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Аз 121 бозии қаблӣ тими миллии мо дар 50 бозӣ ғолиб шуда, 21 бозиро мусовӣ анҷом карда, дар 50 вохӯрӣ мағлуб шуда аст. Дар ин бюозиҳо мунтахаби миллии Тоҷикистон 192 гол зада, аз дарвозаи худ 181 гол сар додаст.

Дар бозӣ бо Фаластин дастаи мо бо чунин ҳайат вориди майдон шуд: дарвозабон Абдуазиз Маҳкамов «Олой» (Қирғизистон), муҳофизатгарони марказӣ Амирбек Ҷӯрабоев ва Сиёвуш Асроров («Истиқлол»), муҳофизатгари тарафи рост Эраҷ Раҷабов («Ҳосилот»), муҳофизатгари тарафи чап Аҳтам Назаров («Истиқлол»), ниммуҳофизон капитани даста Нуриддин Давронов («Дунав», Булғория) ва Фаридун Шарипов («Истиқлол»), дар кунҷҳои хати миёна аз чап Нозим Бобоҷонов («Истиқлол») ва аз тарафи рост – Умедҷон Шарипов («Вахш»). Ниммуҳофизатгари «Локомотив»-и Булғория Парвизҷон Умарбоев дар мавқеи зерҳамлагар ва Манучеҳр Ҷалилов аз «Истиқлол» дар мавқеи ҳамлагар бозӣ карданд.

Ҳисоби вохӯриро дар дақиқаи 39-уми бозӣ Парвизҷон Умарбоев боз кард. Умедҷон Шарипов тӯбро аз бозигари фаластинӣ гирифта,  онро ба  Парвизҷон Умарбоев партофт. Умарбоев бошад, онро ба Манучеҳр Ҷалилов партофт. Ҳамлагари мо аз хати ҳимоя зарба назада тӯбро боз ба Парвизҷон Умарбоев, ки дар ҳолати хубтар қарор дошт, равон кард. Умарбоев аз масофаи наздик тӯбро вориди дарвозаи соҳибони майдон кард.

Дар дақиқаҳои аввали қисми дуюми бозӣ бошад, соҳибони майдон имконият пайдо карданд, ки ҳисоби вохӯриро баробар созанд. Фаластиниҳо зарбаи кунҷи заданд ва тӯб бебаророна дасти капитани мо Нуриддин Давроновро ёфт. Довари урдунӣ, ки аз аввали бозӣ ба соҳибони майдон таваҷҷӯҳи бештар дошт, зарбаи пеналти таъин кард. Карлос Салом зарбаро бехато ба анҷом расонд. Абдуазиз Маҳкамов самти зарбаро пай бурд, аммо дасташ ба тӯб нарасид. Дар вақти боқимондаи бозӣ ҳарду дастаҳо, бахусус мунтахаби миллии Тоҷикистон ба муваффақият наздик буд. Мутаассифона, бозигаронамон аз имкониятҳои зиёди голзанӣ истифода карда натавонистанд ва бозӣ бо натиҷаи баробари 1 бар 1  анҷом ёфт.

Акнун мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Фаластин бозии ҷавобии дӯстонаро дар Душанбе мегузаронанд. Ин вохӯрӣ 3-юми октябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мешавад.

 

Бозии дӯстона

Фаластин – ТОҶИКИСТОН – 1:1

Голҳо: Парвизҷон Умарбоев, 39 (0:1). Карлос Салом, 50 – аз пеналти (1:1).

Фаластин: Тавфик Абу Хаммад, Джака Хбиша, Абдалла Джабер, Хайтам Тхиб (Алаа Абу Салех, 46), Тамер Салах, Мохаммед Дарвиш, Джонатан Зорелла, Пабло Браво, Карлос Салом, Самех Марааба (Тамер Сиям, 71), Яссер Исламе.

Тоҷикистон: Абдуазиз Маҳкамов, Эраҷ Раҷабов, Аҳтам Назаров, Сиёвуш Асроров, Амирбек Ҷӯрабоев, Фаридун Шарипов (Фарҳод Тоҳиров, 63), Умедҷон Шарипов (Фатҳулло Фатҳуллоев, 63), Нуриддин Давронов (Ойбек Абдуғаффоров), Нозим Бобоҷонов (Муҳаммадҷони Ҳасан, 80), Парвизҷон Умарбоев (Ҷаҳонгир Эргашев, 81), Манучеҳр Ҷалилов (Аҳтам Ҳамроқулов, 85).

Огоҳонида шуд: Мохаммед Дарвиш (Фаластин).

Сардовар: Мурад Аҳмад Бахит Ал-Заваҳреҳ (Урдун).

6 сентябр. Хеврон. Варзишгоҳи «Дура». 1000 тамошобин.

Добавить комментарий