Эрон, Озарбойҷон ва Русия рақибони наврасони тоҷик дар Ҷоми президенти Қазоқистон – Федерация Футбола Таджикистана

Эрон, Озарбойҷон ва Русия рақибони наврасони тоҷик дар Ҷоми президенти Қазоқистон

Ҳарифони дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми президенти Қазоқистон, ки аз 8 то 13 август дар Шимкент доир хоҳад гашт, маълум шуданд.

Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ наврасони мо дар гурӯҳи “В” бо ҳамсолони худ аз Русия (8 август),  Озарбойҷон (9 август) ва Эрон (11 август) бозӣ мекунанд. Ба квартети “А”-и мусобиқа бошад  мунтахабҳои наврасони Албания, Қирғизистон, Қазоқистон ва дастаи футболи “Крузейро” (Қазоқистон) шомиланд.

Мувофофиқи низимномаи Ҷоми президенти Қазоқистон ғолибони гурӯҳ дар бозии финалӣ вомехӯранд. Дастаҳои ҷои дуюми гурӯҳҳо барои ҷои сеюм бо ҳам рақобат мегунанд. Дастаҳои ҷои сеюми гурӯҳҳо бошанд барои зинаи панҷум ва дастаҳои ҷои охири гурӯҳҳо барои мақоми таскинбахши ҳафтум ба ҳам вомехӯранд.

Ёдрас мешавем, ки Ҷоми президенти Қазоқстон соли нуҳум аст, ки пайваста гузаронида мешавад. Ҷоизапулии мусобиқа 15 ҳазор доллари ИМАғро ташкил медиҳад. Дастаи ғолиб бо Ҷом ва маблағ дар ҳаҷми ҳафт ҳазор, дастаи финалист бо маблағ дар ҳаҷми 5 ҳазор ва дастаи ҷои сею бо маблағ дар ҳаҷми 3 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешаванд.

 

Тақвими бозиҳи Ҷоми президенти Қазоқистон

Даври 1-ум

8 август (душанбе)

9:00 – Эрон – Озарбойҷон

9:00 – Албания – «Крузейро» (Қазоқистон)

16:00 – Маросими ифтитоҳи мусобиқа

16:30 – Русия-2 – ТОҶИКИСТОН

16:30 – Қазоқистон – Қирғизистон

 

Даври 2-юм

9 август (сешанбе)

9:00 – ТОҶИКИСТОН – Озарбойҷон

9:00 – Албания – Қирғизистон

16:30 – Русия-2 – Эрон

16:30 – Қазоқистон – «Крузейро» (Қазоқистон)

 

Даври 3-юм

11 август (панҷшанбе)

9:00 – Русия-2 – Озарбойҷон

9:00 – ТОҶИКИСТОН – Эрон

16:30 – «Крузейро» (Қазоқистон) – Қирғизистон

16:30 – Қазоқистон – Албания

 

12 август (ҷумъа)

9:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 7-8

9:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 5-6

 9:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 3-4

16:30 – Финал

 

Эзоҳ: соати оғози бозиҳо бо вақти Душанбе

Добавить комментарий