Алоқамандона ба зиёд шудани шумораи дастаҳои лигаи олӣ қарор шуд, ки чемпионати 24-уми Тоҷикистон дар ду қисм баргузор карда шавад.
Ҳаминро қайд мекунем, ки дар арафаи оғози чемпионати навбатии Тоҷикистон мавзӯи маблағгузории клуби футболи «Энергетик» мусбат баррасӣ шуд. Дастаи пойтахт 10-умин клуби иштирокчии чемпионати имсола гардид, ки акнун «Барқи тоҷик» ном бурда мешавад.
Алоқамандон ба зиёд шудани шумораи дастаҳои лигаи олӣ ва бо назардошти имкониятҳои молии дастаҳо, Лигаи милии футболи кишвар қарор кард, ки тақвими қаблии чемпионат тағийр карда шавад ва чемпионати имсола миёни дастаҳои лигаи олӣ дар ду қисм гузаронида шавад. Қаблан хабар буд, ки чемпионат дар се қисм баргузор мешавад ва дар он нӯҳ даста ширкат мекунад. Мутобиқи тақвими нав ҳар як дастаи лигаи олӣ дар чемпионат ҳамагӣ 18 бозӣ мегузаронад.