Эмомалӣ Раҳмон телевизиони «Варзиш»-ро ифтитоҳ дод – Федерация Футбола Таджикистана

Эмомалӣ Раҳмон телевизиони «Варзиш»-ро ифтитоҳ дод

Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ якбора се иншооти муҳими Васоити Ахбори Омма – Муассисаи давлатии телевизиони Варзиш, Муассисаи давлатии телевизиони Синамо ва Муассисаи давлатии Академияи васоити ахбори умумро ифтитоҳ намуд.

Ба иттилои сомонаи расмии сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон баъди буридани лентаи рамзӣ бо пахши тугмача ба пахши барномаҳои Муассисаи давлатии телевизиони Варзиш оѓоз бахшид. Акнун дар шабакаи махсус ҳаводорони намудҳои гуногуни варзиш, мухлисони футбол метавонанд бо руйдодҳои олами варзиши мамлакат ва ҷаҳон шинос шавад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъсиси телевизиони варзиш бо таваҷҷӯҳ хос таъкид намуд, ки нишондодҳои рӯзафзуни варзишгарони тоҷик дар минтақа ва ҷаҳон баробари кушодани ин шабакаи нав бояд васеъ инъикос карда шавад.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки пахши барномаҳо мувофиқ ба талаботи имрӯза дар формати HD ба роҳ монда мешавад. Ин омил имконият медиҳад, ки намоишҳо бо сатҳу сифати баланди садову симо ба тамошобин пешкаш карда шавад. Дастгоҳҳои наворбардорӣ, танзим ва пахши барномаҳо бо ин формати навтарини технологияи комуникатсионӣ фаъолият менамоянд, ки аз дастовардҳои навтарини техникаи соҳаи телевизионӣ мебошад. Бо чунин мушаххассоти техникӣ пахш кардани барномаҳои телевизионӣ дар пешрафти соҳа як қадами ҷиддӣ ба шумор рафта, ҷалби ҳарчи бештари тамошобинонро ба телевизионҳои ватанӣ таъмин менамояд.

Барномаҳои шабакаҳои навтаъсиси телевизионии Варзиш ва Синаморо бошад, дар якчанд давлати дунё тавассути моҳвора тамошо намуда, наздики 60 фоизи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз пахши рақамӣ аз намоишҳо бархурдор мегарданд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи рӯзноманигоронро ба таҳияи барномаҳои пурмуҳтаво оид ба таъриху фарҳанг, расму оин, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, тарбияи ҳисси баланди ватандӯстии шаҳрвандон, рушди бахшҳои муҳими кишвар, муаррифии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон ва дигар комёбиҳои ҷумҳурӣ ҷалб кард.

Зимни мулоқот кормандони соҳа ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои рӯзафзунашон изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Добавить комментарий