Дублёрҳои КМВА “Помир” ва “Ҳосилот” дар садри ҷадвали мусобиқа – Федерация Футбола Таджикистана

Дублёрҳои КМВА “Помир” ва “Ҳосилот” дар садри ҷадвали мусобиқа

Бозиҳои даври дуюми ҳайатҳои ҷавонони лигаи олии Тоҷикистон доир шуданд. Чемпиони феълии мусобиқа, ҳайати ҷавонони “Истиқлол”-и Душанбе дар ин давр ба бохти аввал дар мависими имсола дучор шуд. Дружинаи Баҳодур Суфиев дар майдони худ аз ҳайати ҷавонони “Барқчӣ” бо ҳисоби 0 бар 1 мағлуб шуд.

Голи ягона ва ғолибияти меҳмонони барқчиро Самад Шарифов ба нишон расонд. Бояд қайд намуд, ки меҳмонон ин бозиро бо ҳайати даҳнафарӣ анҷом доданд. Муаллифи голи ягона Самад Шарифов панҷ дақиқа пеш аз анҷоми вақти асосии бозӣ бо корти сурх огоҳонида шуда, майдонро тарк кард.

Баъд аз ду давр ҳайатҳои ҷавонони КМВА “Помир” ва “Ҳосилот” бо шаш имтиёзӣ дар садри ҷадвали мусобиқа қарор доранд. Ҷавонони КМВА “Помир” ва “Ҳосилот” дар даври дуюм мутаносибан бар ҳайатҳои ҷавонони “Хуҷанд” (6:0) ва “Равшан” (1:0) ғолиб шуданд.

 

Мусобиқа байни ҳайатҳои ҷавонони лигаи олии Тоҷикистон. Даври 2-юм

«Равшан» – «Ҳосилот» – 1:2

ГолҳоКомрон Камолов, 30 (1:0). Нурулло Маҳмудов, 43 (1:1). Комрон Салимов, 78 (1:2).

 

КМВА «Помир» – «Хуҷанд» – 6:0

Голҳо: Рустам Толибов, 16 (1:0). Рустам Толибов, 40 (2:0). Рустам Толибов, 45+1 (3:0). Шарафҷон Солеҳов, 65 – аз пеналти (4:0). Киромиддин Абдуалимов, 70 (5:0). Зоир Ҷӯрабоев, 85 (6:0).

 

«Истиқлол» – «Барқчӣ» – 0:1

Гол: Самад Шарифов, 70.

Аз майдон хориҷ шудСамад Шарифов («Барқчӣ»), 85 – корти 2-юми зард.

 

«Вахш» – «Хайр» – 2:0

ГолҳоАзимҷон Муродов, 37 (1:0). Муҳаммадрофеъ Холов, 39 (2:0).

 

«Парвоз» – «Регар-ТадАЗ» – 2:3

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 КМВА «Помир» (Душанбе) 2 2 0 0 8-0 6
2 «Ҳосилот» (Фархор) 2 2 0 0 6-1 6
3 «Истиқлол» (Душанбе) 2 1 0 1 6-1 3
4 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 2 1 0 1 3-2 3
5 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 2 1 0 1 3-4 3
6 «Барқчӣ» (Душанбе) 2 1 0 1 1-4 3
7 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 2 1 0 1 2-7 3
8 «Равшан» (Кӯлоб) 2 0 1 1 1-2 1
9 «Хайр» (Ваҳдат) 2 0 1 1 0-2 1
10 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 2 0 0 2 2-9 0

Добавить комментарий