Дублёрҳои “Истиқлол” қисми якуми мусобиқаро бе бохт анҷом карданд – Федерация Футбола Таджикистана

Дублёрҳои “Истиқлол” қисми якуми мусобиқаро бе бохт анҷом карданд

Қисми аввали мусобиқаи ҳайати ҷавонони дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон ҳам ба охир расид. Ҳайати ҷавонон ё ки дублёрҳои “Истиқлол”-и пойтахт ҳамчун ҳайати асосии даста қисми аввалро бе бохт анҷом карданд. Шогирдони Баҳодур Сӯфиев дар ҳашт бозӣ ғолиб шуда, танҳо як вохӯриро мусовӣ анҷом доданд.

Дар даври охири қисми якуми мусобиқа дублёрҳои дастаи пойтахт бар ҷавонони “Вахш” бо ҳисоби бузурги 4 бар 1 дастболо шуданд. Дар ҳайати ҷавонони “Истиқлол” Бледа Родригес ва Амирҷон Сафаров ба задани ду голӣ муваффақ шуданд.

Ҳамин тариқ, дружинаи Сӯфиев аз 27 имтиёзи имконпазир 25 имтиёзро соҳиб шуда, пешсафи ягонаи ҷадвали мусобиқа мебошад. Ҳайати ҷавонони “Регар-ТадАЗ”, ки   зинаи дуюми ҷадвали мусобиқаро ишғол мекунад, нисбат ба ҷавонони “Истиқлол” 9 имтиёз камтар дорад. Дар зинаи сеюм бо 14 имтиёз ҳайати ҷавонони “Хуҷанд” қарор дорад.

 

Мусобиқаи ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон. Даври 9-ум

«ХУҶАНД» – «БАРҚИ ТОҶИК» – 2:1

ГолҳоШариф Шарипов, 6 (1:0). Икром Каримҷонов, 8 (2:0). Анӯшервон Наврӯзов, 69 (2:1).

Аз майдон ронда шуд: Шокир Зиёев («Хуҷанд»), 86 – барои рафтори иғвоангез.

 

«ПАРВОЗ» «ХАЙР» 3:4

Голҳо: Бахтовар Зокиров, 5 (1:0). Бахтовар Зокиров, 13 (2:0). Алишер Эргашев, 39 (2:1). Шӯҳратҷон Эркабоев, 57 (3:1). Парвиз Ҳомидов, 61 (3:2). Муҳсин Парпиев, 73 (3:3). Муҳсин Парпиев, 76 (3:4).

 

КМВА «ПОМИР» «РЕГАР-ТАДАЗ» 0:1

Гол: Тошев, 20 – аз пеналтӣ.

 

«РАВШАН» «ДАЛЕРОН-УРОТЕППА» 4:3

Голҳо: Илёсов, 61 (1:0). Соҳибов, 63 (2:0). Норкузиев, 64 (2:1). Исоев, 69 (2:2). Сафаров, 78 (3:2). Бойкузиев, 88 (3:3). Шарипов, 90+4 (4:3).

Аз майдон ронда шуданд: Умед Кенҷаев («Далерон-Уротеппа»), 86 – барои суханони зишт гуфтан, Сироҷиддин Иноятов («Далерон-Уротеппа»), баъди садои ҳуштаки довар оиди анҷоми бозӣ – барои суханони зишт гуфтан.

 

«ИСТИҚЛОЛ» «ВАХШ» 4:1

Голҳо: Бледа Родригес, 7 (1:0). Нуриддин Ҳамроқулов, 16 (1:1). Амирҷон Сафаров, 27 (2:1). Бледа Родригес, 41 (3:1). Амирҷон Сафаров, 50 (4:1).

 

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 9 8 1 0 47-4 25
2 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 9 4 4 1 12-6 16
3 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 9 4 2 3 16-16 14
4 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 9 4 1 4 17-15 13
5 КМВА «Помир» (Душанбе) 9 4 1 4 14-13 13
6 «Далерон-Уротеппа» (Истаравшан) 9 3 4 2 23-20 13
7 «Хайр» (Ваҳдат) 9 3 4 2 16-27 13
8 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 9 2 1 6 13-36 7
9 «Равшан» (Кӯлоб) 9 1 3 5 10-19 6
10 «Барқи тоҷик» (Душанбе) 9 1 1 7 11-23 4

Нишонзанҳо: Амирҷон САФАРОВ («Истиқлол») – 17 гол, Далер ЁДГОРОВ («Истиқлол») – 10 гол, Аваз НОРКУЗИЕВ («Далерон-Уротеппа») – 8 голБахтовар ЗОКИРОВ («Парвоз») – 7 гол.

Добавить комментарий