Ду бозии чемпион ба мавқуф гузошта шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Ду бозии чемпион ба мавқуф гузошта шуд

Шӯрои Кумитаи Иҷроияи Федератсияи футболи мамлакат қарор кард, ки ду бозии чемпионати Тоҷикистон бо иштироки чемпиони феълии кишвар “Истиқлол”-и Душанбе ба мавқуф гузошта шаванд.

Алоқамандона ба ширкати чемпиони секаратаи Тоҷикистон дар бозии нимниҳоии дуюмин сабқати бошгоҳии Осиё – Ҷоми КФО-2015 бо СК “Кувайт”-и Кувайт, Шӯрои Кумитаи Иҷроияи ФФТ қарор кард, ки бозиҳои даври 14-ум ва 15-уми чемпионати мамлакат байни бошгоҳҳои футболи “Равшан” – “Истиқлол” (26 сентябр) ва “Истиқлол” – КМВА “Помир” (18 октябр) ба вақти дигар гузаронида шаванд.

Чемпиони мо рӯзҳои 30 сентябр ва 21 октябр дар бозиҳои марҳилаи нимниҳоии Ҷоми КФО-2015 бо СК “Кувайт”-и Кувайт рақобат мекунад. Бозии якум санаи 30 сентябр дар Ал-Кувайт ва бозии ҷавобӣ рӯзи 21 октябр дар Душанбе доир хоҳанд шуд.

Добавить комментарий