Ду ғалабаи наврасони Академияи футболи ФФТ дар Бишкек – Федерация Футбола Таджикистана

Ду ғалабаи наврасони Академияи футболи ФФТ дар Бишкек

Дастаи наврасони Академияи футболи Федератсияи футболи Тоҷикистон иборат аз бозингарони зери 15 сол таҳти роҳбарии мураббиён Рустам Қурбонов ва Далер Каёсов дар мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми шаҳрдори Бишкек дар Ҷумҳурии Қирғизистон ду ғалабаи паиҳамро соҳиб шуд.

Дар бозии аввал, дастаи Академияи футболи ФФТ бар мунтахаби ҳамсолони худ аз вилояти Чуйи Қирғизистон бо ҳисоби 3 бар 0 пирӯзӣ ёфт. Голҳои дастаи моро дар ин Партулло Хуршедзода, Салоҳиддин Иргашев ва Муҳаммад Аҳмадов ба самар расонданд.

Дар бозии дуюм наврасони тоҷик бо ҳисоби бузурги 6 бар 0 дастаи “Вилвет”-ро аз Ҷумҳурии Қазоқистон шикаст доданд. Дар ин бозӣ Салоҳиддин Иргашев, Азиз Ҳаитов, Сӯҳроб Сафаров, Давлатбек Акрамов, Муиб Саидов ва Ҳикмат Хайруллозода ба задани гол муваффақ шуданд.

Пагоҳ, 4 апрел, дар бозии даври ҷамъбастӣ дар ин мусобиқаи байналмилалӣ наврасони Академияи футболи ФФТ бо мунтахаби наврасони Бишкек рақобат мекунанд.

Добавить комментарий