Дружинаи Муҳаммадиев ба бозӣ бо Урдун омодагӣ мегирад – Федерация Футбола Таджикистана

Дружинаи Муҳаммадиев ба бозӣ бо Урдун омодагӣ мегирад

Тими миллии Тоҷикистон омодагияшро ба бозии аввали марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018 бо мунтахаби Урдун, ки рӯзи 11 июн дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир хоҳад шуд, идома медиҳад.

Даста дар қароргоҳи Академияи клуби футболи “Истиқлол”, воқеъ дар шаҳраки Алмосии ноҳияи Ҳисор омодагӣ мегирад. Айни ҳол дар базаи мунтахаби кишвар 22 бозигар тамрин мекунанд. Муҳофизатгари “Газовик”-Оренбург Фарҳод Восиев рӯзи 4 июн ба даста ҳамроҳ мешавад. Давронҷон Эргашев аз “Жетису”-и Талдиқӯрғон баъди даври 15 чемпионати Қазоқистон ба ҳайати тими миллӣ пайваст хоҳад шуд. Дар даври 15 премер-лигаи  Қазоқистон “Жетису”-и Эргашев рӯзи 6 июн дар сафар бо Иртиш”-и Павлодар вомехӯрад.

Бо сабаби ҷароҳат доштан ду нафар бозигарони “Истиқлол”-и пойтахт низ дар тамринҳои мунтахаби миллӣ иштирок карда наметавонанд. Муҳофизатгар Соҳиб Саванқулов бо сабаби ҷароҳат доштан, дар бозии марҳилаи 1/8 ниҳоии Ҷоми КФО бо “Ал-Ваҳда”-Сурия ва дар чемпионати Тоҷикистон бо “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода иштирок карда натавонист. Ниммуҳофизатгар Парвизҷон Умарбоев бошад, дар бозии чемпионати миллӣ бо “Регар-ТадАз”-и Турсунзода лат бардошт. Айни замон ҳардуи ин бозигарон табобат мегиранд.

Ҷамъомади омӯзишӣ-машқии тими миллӣ дар шаҳраки Алмосӣ то 6 июн идома ёфта, дружинаи Муҳаммадиев ба Душанбе бармегардад ва омодагияшро ба бозии марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018 бо мунтахаби Урдун, дар пойтахти кишвар идома медиҳад.

Хотиррасон мекунем, ки бозӣ бо мунтахаби миллии Урдун рӯзи 11 июн соати 20.00 дар Варзишгоҳи марказии ҷуиҳуриявӣ доир мешавад.

Федератсияи футболи Тоҷикистон барои мухлисони футболи кишвар дар ин бозӣ навгонии махсусе омода кардаст. Ҳамаи мухлисони ба варзишгоҳ омада, имкони бурд кардани тӯҳфаҳоро доранд. Билетҳои бозиро харидорӣ карда, шумо соҳиби ин имконият мешавед ва шахси хуштолеъ аз варзишгоҳ савори “Мерседес”, “iPhone 6” ва ё ки “iPad” дар бағал берун мешавад. Билетҳо дар фурӯшанд ва шумо метавонед онҳоро аз хазинаҳои Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ва мағозаҳои либоси варзишии “Joma” ва “Адидас” харидорӣ намоед. Арзиши як дона билети маъмулӣ барои ҳамаи минбарҳои варзишгоҳ 15 сомониро ташкил мекунад.

Ёдовар месозем, ки аллакай, VIP-билетҳо ба бозии мазкур ба фурӯш бароварда шуданд.  Шахсоне, ки VIP-билетҳоро харидорӣ мекунанд, бозии тими миллии кишварро аз нишастгоҳи бофароғати VIP-ложаи варзишгоҳ тамошо хоҳанд кард. Вурудшавӣ ба варзишгоҳ низ тавассути VIP-даромадгоҳи махсус сурат мегирад. Дар танаффуси бозӣ дорандагони VIP-билетҳо бо ғизо таъмин карда мешаванл.

Шумораи ҷойҳо маҳдуд аст. Ҳамаи билетҳо тариқи дархости пешакӣ фурӯхта мешаванд. Нархи як дона VIP-билет 700 сомониро ташкил медиҳад. VIP-билетҳоро метавонед бо телефонии 98-755-35-35 дархост кунед.

Добавить комментарий