Доварону нозирони бозиҳои Ҷоми миллӣ таъин шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Доварону нозирони бозиҳои Ҷоми миллӣ таъин шуданд

Доварону нозирони хизматрасони бозиҳои нимфинали Ҷоми миллӣ таъин шуданд. Бозии байни КМВА “Помир”-и пойтахт ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзодаро, ки рӯзи 20 сентябр доир мешавад, довари душанбегӣ Парвиз Муртазоев ҳакамӣ мекунад. Доварии рақобати байни чемпиони феълии кишвар “Истиқлол”-и Душанбе ва чемпиони дукаратаи Тоҷикистон “Равшан”-и Кӯлобро бошад, Лигаи миллии футболи мамлакат ба Диловаршоҳ Орзуев аз Ҳисор боварӣ намудаст.

Бозии ҷавобии марҳилаи нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистонро байни “Равшан” ва “Истиқлол” Сайёдҷон Зайниддинови душанбегӣ ва вохӯрӣ миёни “Регар-ТадАЗ” ва КМВА “Помир”-ро бошад Хуршед Дадобоеви хуҷандӣ ҳакамӣ мекунанд.

 

Ҷоми Тоҷикистон-2015

1/2 финал. Бозиҳои якум

20 сентябр (якшанбе)

Оғози бозӣ соати 16:00

КМВА «ПОМИР» «РЕГАР-ТАДАЗ»

Сардовар: Парвиз Муртазоев (Душанбе).

Ёварон: Ҳасан Каримов (Норак), Рустамбек Хуҷаев (Қабодиён).

Довари эҳтиётӣ: Исмоил Нуралиев (Норак).

Нозири бозӣ: Шавкат Ахмедов (Душанбе).

Душанбе, варзишгоҳи КМВА Вазорати мудофиаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон (собиқ “Политехникум”)

 

22 сентябр (сешанбе)

Оғози бозӣ соати 16:00

«ИСТИҚЛОЛ» «РАВШАН»

Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).

Ёварон: Акмал Буриев (Турсунзода), Ҳамза Шоймардонов (Хуросон).

Довари эҳтиётӣ: Ҷамолиддин Оев (Варзоб).

Нозири бозӣ: Шариф Назаров (Душанбе).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

 

1/2 финал. Бозиҳои ҷавобӣ

25 сентябр (ҷуъа)

Оғози бозӣ соати 15:30

«РАВШАН» «ИСТИҚЛОЛ»

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Ёварон: Хусрави Сиддиқзод, Беҳрӯз Муртазоев (ҳар ду аз Душанбе).

Довари эҳтиётӣ: Некрӯз Умаров (Қӯрғонтеппа).

Нозири бозӣ: Анваршо Мирзоев (Душанбе).

Кӯлоб, варзишгоҳи Марказӣ 

 

1 октябр (панҷшанбе)

Оғози бозӣ соати 15:30

«РЕГАР-ТАДАЗ» КМВА «ПОМИР»

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

Ёварон: Сафармаҳмад Шоймардонов (Хуросон), Сайвалӣ Турдиев (Қӯрғонтеппа).

Довари эҳтиётӣ: Вафо Қараев (Шаҳринав).

Нозири бозӣ: Алишер Урунов (Душанбе).

Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург»

Добавить комментарий