Доварони марҳилаи интихобии чемпионати футзали Осиё-2016 дар Хуҷанд маълум шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Доварони марҳилаи интихобии чемпионати футзали Осиё-2016 дар Хуҷанд маълум шуданд

Доварони марҳилаи интихобии чемпионати футзали Осиё-2016 дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ки аз 14 то 16 ноябр дар шаҳри Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад, маълум шуданд.

Бозиҳоро шаш нафар реферони ФИФА ҳакамӣ мекунанд. Инҳо Абдулрахман Абдулкадер Абдулрахман Абдуллаи 44-сола аз Баҳрейн,  Жанг Юзеи 42-сола аз Хитой, Хасан Мохаммед Муса Ал-Гбури ва Хавкар Салар Ахмед, ки ҳар ду 35-сол дошта, ҳар ду аз  аи Ироқ ҳастанд, инчунин  Хусейн Махмуд Хусейн Халайлехи 34-сола аз Урдун ва Хамис Хасан Аль-Шамси 32-сола аз АМА мебошанд. Нозири доварон Адел Ал-Шатти аз Кувайт ва комиссари бозиҳо Алим Арифов аз Узбекистон таъин шуданд.

Қайд мекунем, ки марҳилаи интихобии чемпионати футзали Осиё-2016 аз 14 то 16 ноябр дар маҷмааи варзишии “Қасри варзиш”-и шаҳри Хуҷанд, ки 2670 ҷои нишаст дорад, баргузор мешавад.

Дар ин мусобиқа дастаҳои мунтахаби футзали Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон ширкат мекунанд. Ду дастаи беҳтарин соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2016 мешаванд. Марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2016 аз 10 то 21 феврал дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон доир мегардад. SlotsPill-Online-Spielautomaten und Online-Casino-Rezension- Free Slots

Добавить комментарий