Доварони даври 4-уми чемпионати мамлакат таъин шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Доварони даври 4-уми чемпионати мамлакат таъин шуданд

Федератсияи футболи Тоҷикистон доварону масулони даври 4-уми чемпионати мамлакат байни дастаҳои Лигаи олиро таъин кард. Дар майдони дуввуми Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе 1-уми апрел дастаи «Регар-ТадАЗ» бо Ҳисилот»-и Фархор ва дар варзишгоҳи ба номи Ӯктам Маматови ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ «Панҷшер» бо КМВА «Помир» қувва меозмоянд.

Як вохӯрии дигари даври 4-ум 2 апрел дар варзишгоҳи «Авиатор» барпо мегардад. Дастаи «Барқчӣ» «Вахш»-и Қӯрғонтеппаро дар ин майдон қабул мекунад.

Ҳамаи бозиҳо соати 16:00 оғоз мешаванд.

 

Чемпионати Тоҷикистон Лигаи олӣ. Даври 4-ум

1 апрел (шанбе)

Оғози бозӣ соати 16:00

«Регар-ТадАЗ» – «Ҳосилот»

Довари майдон: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).

Ёварони довар: Рустамбек Хӯҷаев (Қубодиён), Умед Раҳимов (Қӯрғонтеппа).

Довари эҳтиётӣ: Акобир Файзуллозода (Душанбе).

Нозири доварон: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).

Комиссари бозӣ: Эраҷ Носеҳов (Душанбе).

Душанбе, майдони дуюми Варзишгоҳи марказӣ

 

«Панҷшер» – КМВА «Помир»

Довари майдон: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

Ёварони довар: Ҳасан Каримов, Исмоил Нуралиев (Норак).

Довари эҳтиётӣ: Комил Раҳмонов (Ҷайҳун).

Нозири доварон: Абдулло Алимов (Ҳамадонӣ).

Комиссари бозӣ: Субҳон Хӯҷамов (Душанбе).

Ҷалолиддин Балхӣ, варзишгоҳи ба номи Ӯктам Маматов

 

2 апрел (якшанбе)

Оғози бозӣ соати 16:00

«Барқчӣ» – «Вахш»

Довари майдон: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

Ёварони довар: Дилшод Назипов (Ҳисор), Абдурашид Муродов (Турсунзода).

Довари эҳтиётӣ: Амирҷон Хоркашев (Душанбе).

Нозири доварон: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).

Комиссари бозӣ: Шавкат Ахмедов (Душанбе).

Душанбе, варзишгоҳи  «Авиатор»

Добавить комментарий