Дастаи «Дордой»-и Қирғизистон барои вохӯрии даври аввали Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) дар гурӯҳи «D» бо дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ба шаҳри Душанбе омад.
Меҳмононро дар фурудгоҳ мизбони ин вохӯрӣ – намояндагони «Истиқлол», ФФТ ва сафорати Қирғизистон дар Тоҷикистон пешвоз гирифтанд. Баъди анҷоми ҳуҷатнигорӣ дар фурудгоҳ ҳайати дастаи «Дордой» ба меҳмонхонаи «Атлас» оварда шуд ва онҳо дар ин ҷо маскан гирифтанд.
Сармураббии даста ба ин вохӯрӣ 18 бозингарро бо худ гирифтааст, ки инҳоянд:
Дарвозабонҳо: Валерий Кашуба, Максим Зинченко;
Муҳофизатгарон: Егор Потапов (Россия), Тоҳир Авчиев, Талант Самсалиев, Курсанбек Шератов, Адил Бекболатов, Бактай Талайбек уулу, Кайрат Колибаев, Даниэл Тэго;
Ниҳимоятгарон: Ислам Шамшиев, Бекжан Сагинбаев, Павел Сидоренко, Авазбек Откеев;
Ҳамлагарон: Алишер Азизов, Абдулатиф Абдуқодиров (ҳарду аз Ӯзбекистон), Мирбек Ахматалиев, Кайрат Жиргалбек уулу.
Ёдрас мешавем, ки 14 март, соати 18:30 дар Варзишгоҳи марказии пойтахт «Истиқлол»-и Душанбе дар аввалин бозии гурӯҳии Ҷоми КФО бо «Дордой» қувва месанҷад.
Баъд аз анҷоми вохӯрӣ бозии лотерея (аз рӯи билетҳо) гузаронида мешавад ва ғолибон сазовори телефони мобилии навтарин, ноутбук ва планшет мегарданд.