Доираи фаъолияти фестивалҳои футболӣ васеъ мегардад – Федерация Футбола Таджикистана

Доираи фаъолияти фестивалҳои футболӣ васеъ мегардад

Федератсияи футболи Тоҷикистон доираи фаъолияти Фестивалҳои футболии худро васеъ мегардонад. Баъд аз шаҳрҳои Қӯрғонтеппаву Кӯлоб ва ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ идҳои варзишӣ дар ноҳияҳои Восеву Данғарву Ҷиргатол идома ёфтанд.

Чун анъана Фестивалҳои футболиро дастурдиҳандаи соҳибтаҷрибаи департаменти футболи кӯдакону наврасони Федератсияи футболи мамлакат Владимир Домлоҷонов таҳти садои варзишӣ ҳусни оғоз бахшида, инчунин барои кӯдакони иштирокчӣ тамрини аввалиро гузаронид. Баъдан иштирокчиён ба гурӯҳҳо тақсим шуда, зери роҳбарии мураббиён малакаҳои нахустини футболиро аз худ намуданд.

Мақсади асосӣ аз баргузории ин Фестивалҳо, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни кӯдакону наврасон ва ҷалби шумораи бештари онҳо ба машғулиятҳои варзишӣ, бахусус бозии футбол мебошад.

Дар анҷом ба иштирокчиёни Фестивалҳо тӯбҳои футболбозии “шевролет”-и барономҳои “Asian Football Development Project” ва “One World Play Project”-Конфедератсияи футболи Осиё тақдим гардид. Тақдим шудани тӯбҳо барои бачаҳои иштирокчӣ бисёр фараҳбахшу хотирмон буд. Ҳаминро бояд гуфт, ки тӯбҳои  “Ultra durable balls” навъи универсалӣ буда, намекафанд ва махсусан барои истифодаи кӯдакони деҳот пешбинӣ шудаанд.

Ин ҷо бояд гуфт, ки дар се Фестивали доиршуда ба бачаҳои ноҳияҳои Восе, Ҳамадонӣ, Темурмалик, Фархор, Данғара, Балҷувон, Ҷиргатол, Рашт, Нуробод, Тавилдара, Тоҷикобод ва шаҳри Норак дар маҷмӯ 600 тӯби футболбозӣ тақдим шуд.

Фестивали навбати Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзи 5 сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Хорӯғ доир гардонида мешавад.

SAMSUNG CAMERA PICTURESSAMSUNG CAMERA PICTURES

Добавить комментарий