«ДИСИ Инвест» бо легионери бразилиягӣ Морено шартнома баст – Федерация Футбола Таджикистана

«ДИСИ Инвест» бо легионери бразилиягӣ Морено шартнома баст

Чемпиони феълии футзали Тоҷикистон клуби “ДИСИ Инвест”-и пойтахт, ки моҳи оянда дар чемпионати бошгоҳии Осиё-2017 иштирок мекунад бо боингари бразилиягь шартнома баст.

Ба иттилои директории варзишии клуб Нодир Дӯстматов бозингари нави “ДИСИ Инвест” Морено Бруно Сантяго Джонатани 26 сола аз Бразилия мебошад. Легионери бразилиягӣ рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта ба Душанбе омад. Имрӯз “ДИСИ Инвест” бо Морено шавртнома ба тасвиб расонд.

То ба “ДИСИ Инвест” омадан легионери бразилиягӣ дар дастаҳои футзали “Ураган” (Украина), “Дина” ва “Спартак” (Русия), инчунин “Саное Гити Пасанд” (Эрон) баромад кардаст.

Чемпиони футзали Тоҷикистон ба нақша дорад, ки рӯзҳои наздик ҳайати худро боз бо як нафар бозингари легионер аз Эрон пурқувват гардонад.

Ёдрас мешавем, ки мувофиқи қуръакшии мусобиқа дастаи “ДИСИ Инвест”, ки соли аввал аст дар ин мусобиқа иштирок мекунанд, дар гурўҳи “В” ҷойгир шуд. Рақибони дастаи мо дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқа фи налисти соли гузаштаи мусобиқа “Нафит Ал-Васат”-и Ироқ, инчунин “Вамос Матарам”-и Индонезия ва чемпион Қатар, дастаи футзали “Ал-Райян” мебошанд. Мусобиқаи мазкур аз 20 то 30 июл дар Ҳошимини Ветнам доир мешавад.

Добавить комментарий