«ДИСИ Инвест» ба дархостномаи пешакии худ 16 бозингарро шомил гардонд – Федерация Футбола Таджикистана

«ДИСИ Инвест» ба дархостномаи пешакии худ 16 бозингарро шомил гардонд

Чемпиони футзали Тоҷикистон клуби «ДИСИ Инвест»-и Душанбе ба дархостномаи пешакии худ ҷиҳати иштирок дар чемпионати бошгоҳии Осиё-2017 шонздаҳ нафар бозингаронро шомил гардонд. Мусобиқаи мазкур аз 20 то 30 июл дар Ҳошимини Ветнам доир хоҳад шуд.

Ба дархостномаи пешакии клуби футзали пойтахт 3 дарвозабон ва 13 бозингари майдон, аз ҷумла ду нафар легионерон – Бруно Сантяго Джонатан аз бразилиягӣ ва Амин Насруллозода аз Эрон шоил карда шуданд. Дар чемпионати бошгоҳии Осиё-2017 «ДИСИ Инвест» дар гурӯҳи «В» баромад мекунад. Рақибони чемпиони футзали Тоҷикистон дар ин гурӯҳ «Нафит Ал-Васат»-и Ироқ, «Вамос ватарам»-и Индонезия ва «Ал-Раян»-и Қатар  мебошанд.

Дар доираи омодагӣ ба ин мусобиқа «ДИСИ Инвест» ҷамъомади омӯзишӣ-машқии худро дар Гулистони Суғд гузаронида, инчунин рӯзҳои 3-4 июл бо “Олға»-и Бишкек ду бозии санҷишӣ доир менамояд. Ҳарду бозӣ дар Кирғизистон доир хоҳанд шуд.

 

Дархостномаи пешакии “ДИСИ Инвест” барои иштирок дар чемпионати бошгоҳии футзали Осиё-2017 по футзалу:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов, Зулфиқор Раҳмонов, Муродулло Алиқулов;

Бозингарони майдон: Бруно Сантяго Джонатан (Бразилия), Амин Насроллазоде (Эрон), Собирҷон Гуляков, Шавкат Ҳалимов, Шоҳрух Ҳамидов, Умед Кузиев, Хуршед Маҳмудов, Мансур Мамедбабаев, Муҳаммад Раҳмонов, Дилшод Саломов, Файзалӣ Сардоров, Раҳмонали Шарипов, Меҳрубон Тиллозода.

Ҳайати роҳбарикунанда: Исматулло Давлатов – президенти клуб, Нодирҷон Дусматов – ноиби президент, Ораз Ализода – менеҷер, Хоссейн Афзали – сармураббӣ, Мостафа Афшари – мураббӣ, Хайриддин Асалов – маъмур, Хуршед Тошпулодов – духтур, Комрон Шодиев – шахси расмӣ.

Добавить комментарий