Директори техникии ФФТ дар семинари УЕФА дар Боку иштирок дошт – Федерация Футбола Таджикистана

Директори техникии ФФТ дар семинари УЕФА дар Боку иштирок дошт

Роҳбари департаменти техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Комрон Шодиев дар семинари байналмилалии «Certificate in Football Management» – УЕФА иштирок намуд. Семинар аз 3 то 4 декабр дар Бокуи Озарбойҷон доир шуд.

Ҳадаф аз баргузории семинар пурра кардани захираи дониш дар байни аъзо ва шарикони УЕФА оиди идоракунии менеҷментӣ дар варзиш, бахусус футбол буд. Барнома зери дастгирии УЕФА ва сохтори «Swiss Graduate School of Public Administration» («Мактаби олии швейтсариягии идоракунии давлатӣ»)  (IDHEAP) дар назди Донишгоҳи Лозанна барои кишварҳои гуногуни Иттиҳоди футболи Аврупо ташкил карда шуд.

1+(20)

Добавить комментарий