Директори иҷрокунандаи «Хуҷанд» якумрӣ аз футбол барканор шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Директори иҷрокунандаи «Хуҷанд» якумрӣ аз футбол барканор шуд

Кумитаи интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзи 13-уми июл таҳти раёсати сардори кумита Тоҳир Нурзода доир гардида, қарор кард, ки директори иҷрокунандаи клуби футболи «Хуҷанд» Акбар Иброҳимовро аз ҳама гуна  фаъолияти ба футбол алоқаманд барканор созад.

Кумитаи интизомӣ ин қарори сахтро  барои ниҳоят дағалона вайрон кардани Низомномаи баргузории чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ нисбати Акбар Иброҳимов қабул кард. Мутобиқи банди 11 боби 6 Кодекси интизомӣ барои ҷиддӣ вайрон кардани Низомнома (риоя накардани қисми 3 Низомнома оиди мақом ва гузариши футболбозон) Акбар Иброҳимов якумрӣ аз ҳама гуна фаъолияти ба футбол алоқаманд барканор карда шуд. Дар рафти тафтиш маълум гардид, ки директори иҷрокунандаи клуби футболи «Хуҷанд»  Акбар Иброҳимов ба бозигарони клуб ба сифати болобардорӣ (подъемных) маблағҳои пулӣ пардохт кардаст, ки ин дағалона вайрон кардани Низомномаи чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ мебошад.

Добавить комментарий