Дилшод Ҷӯраев ноиби президенти ФФТ интихоб шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Дилшод Ҷӯраев ноиби президенти ФФТ интихоб шуд

Дар ҷаласаи навбатии Кумитаи Иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки рӯзи 24 август доир гардид, раиси Федератсияи футболи шаҳри Душанбе Дилшод Ҷӯраев ба вазифаи ноиби президенти ФФТ интихоб гардида, барои тасдиқ ба Конференсияи навбатии Федератсия пешниҳод шуд.

Ӯро ноиби аввали президенти ФФТ Хуршед Мирзоев ҷиҳати ба ин вазифа интихоб шуданашон табрик намуда аз ҷумла чунин гуфт: “Барои ба ин вазифаи масъулиятнок интихоб шуданашон Дилшод Музаффаровичро самимона муборакбод гуфта, ба он кас дар корҳои ояндаашон муваффақиятҳоро таманно дорам”.

Дар навбати худ Дилшод Ҷӯраев ба роҳбарият ва аъзоёни Кумитаи Иҷроияи ФФТ барои боварияшон изҳори сипосгузорӣ намуда, инчунин баён сохт, ки ҳамеша дар иҷрои вазифаи ба ӯ боваркардаашон масъулият ҳис мекунад”.

Инчунин дар ҷаласаи имрӯза ҳамаи аъзоёни Кумитаи Иҷроия хабардор карда шуданд, ки бо қарори президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ вазифаи котиби генералии Федератсия ба зиммаи ноиби аввали президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзоев вогузошта шуд.

Дар ҷаласа сохтори нави Федератсия тасдиқ карда шуд. Аъзоёни Кумитаи Иҷроия ба нақшаҳои ситоди нави мураббиёни мунтахаби миллии кишвар шинос шуда, ба даста дар бозиҳои боқимондаи марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 барору муваффациятҳоро таманно намуданд.

_DSC5417

Добавить комментарий