Диловаршоҳ Орзуев аз рӯйхати доварони ФФТ берун карда шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Диловаршоҳ Орзуев аз рӯйхати доварони ФФТ берун карда шуд

Довари футбол Диловаршоҳ Орзуев аз Ҳисор аз рӯйхати доварони хизматрасони бозиҳои чемпионати мамлакат байни дастаҳои лигаи олӣ, мусобиқа байни дастаҳои лигаи якуми Тоҷикистон ва инчунин ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои футболи лигаи олии Тоҷикистон хориҷ карда шуд.

Дар протоколи ҷаласаи кумитаи доварони ФФТ хабар дода мешавад, ки вақтҳои охир кори довари ҳисорӣ Диловаршоҳ Орзуев мунтазам шадидан мавриди интиқод қарор мегирифт. Бисёрии ин хатогиҳо дар бозиҳои калидии чемпионат рӯй дода, ба натиаи бозиҳо таъсир расонданд.

Алоқамандона бо сабаби паст шудани сифати доварӣ ва дар бозиҳои калидии сабқатҳои ҷумҳуриявӣ ба хатогиҳои ҷиддӣ роҳ додан, кумитаи доварони ФФТ қарор кард, ки довар Диловаршоҳ Орзуев аз рӯйхати доварони ФФТ берун карда шавад.

Ба ғайр аз ин, барои бад шудани ҳолати омодагии ҷисмонӣ ва аз даст додани сарриштаи кор ҳангоми хизматрасонии бозиҳои чемпионати мамлкат, кумитаи доварони ФФТ ба довар Сафармаҳмад Шоймардонов аз Хуросон ҳушдори ҷиддӣ дод.

Добавить комментарий