Бозии нахустин ва ё дебюти бошгоҳи футболи «Хуҷанд»-и Хуҷандро муқобили «Аҳлӣ Ал-Халил»-и Фаластин ҳайати ҳакамон аз Урдун доварӣ мекунанд.
Сардовари бозӣ рефери 29-солаи ФИФА Адҳам Муҳаммад Тумаҳ Маҳамдеҳ, ки сар аз соли 2013 то инҷониб довари дараҷаи байналмилалӣ аст, таъин шудаст. Ӯро дар канори майдон ҳамватанонаш – ёварони рефери ФИФА Аҳмад Моаннес Нади Алроаллеи 36-сола ва Файсал Муҳаммад Аввад Швайри 44-сола кӯмак хоҳанд кард. Вазифаи довари эҳтиётиро рефери ФИФА – Аҳмад Яқуб Иброҳими 30-сола ба зимма дорад. Валтер Эдвард Перейра аз Ҳиндустон нозири доварон ва Саликин Бин Саркави аз Сингапур комиссари бозӣ таъин шуданд.
Ёдрас мешавем, ки Адҳам Муҳаммад Тумаҳ Маҳамдеҳ, имсол бозии чорякфиналии Ҷоми КФО байни чемпиони чоркаратаи Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе ва «Паҳанг»-и Малайзияро доварӣ крда буд. Бозӣ рӯзи 26 август дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир шуда, бо ҳисоби бузурги 4 бар 0 ба фоидаи чемиони чоркаратаи Тоҷикистон поин шуда буд.
Бозии плей-оффи Ҷоми КФО-2016 байни «Аҳлӣ Ал-Халил» ва «Хуҷанд» рӯзи 9 феврал дар Хеврони Фаластин доир мешавад. Дар сурати муваффақ шудан дар ин бозӣ, витсе-чемпиони Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқа ба гурӯҳи «D» шомил шуда, бо бошгоҳҳои футболи «Ал-Муҳаррак»-и Баҳрайн, «Фанҷа»-и Уммон ва «Ал-Ҷайш»-и Сурия рақобат хоҳад кард.