Даври дуюми рекрутинг барои Парвиз Муртазоев – Федерация Футбола Таджикистана

Даври дуюми рекрутинг барои Парвиз Муртазоев

Рефери ФИФА аз Душанбе Парвиз Муртазоев барои шомил шудан ба рӯйхати доварони баргузидаи Конфедератсияи футболи Осиё даври дуюми санҷишро мегузарад.

Ин маротиба доварии Муртазоевро рекрутори КФО Аскари Милаҷерди Ҳусайн аз Эрон назорат мекунад. Рекрутори эронӣ ҳакамии довари моро дар бозии даври ёздаҳуми чемпионати Тоҷикистон байни чемпиони секаратаи мамлакат “Истиқлол”-и пойтахт ва витсе-чепиони феълӣ “Хайр”-и Ваҳдат, ки рӯзи 9 август дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мешавад, назорат хоҳад кард. Айни ҳол ёварони Муртазоев дар ин бозӣ аз ҷониби Лигаи миллии футболи Тоҷикистон муайян нашудаанд.

Дар баробари кори доварӣ дар майдон, баъд аз бозӣ донистани забони англисӣ ва қоидаҳои бозии футболро ҳам Муртазоев санҷиш карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар даври аввали санҷиши рекруторӣ, ҳакамии Муртазоев дар бозии даври шашуми чемпионати Тоҷикистон байни “Барқи тоҷик” ва КМВА “Помир” (0:1), ки рӯзи 17 май дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор гардида буд, аз ҷониби рекрутори КФО Али Аҳмад Ал-Траифи аз давлати Арабистони Саудӣ хуб баҳогузорӣ шуд.

Бари шомил шудан ба рӯйхати доварони баргузидаи КФО Парвиз Муртазоев бояд аз се давраи санҷиши рекруторӣ гузарад. Айни замон аз Тоҷикистон танҳо Баҳром Саъдуллоев аз Қурғонтеппа шомили ин рӯйхат мебошад. Доварони аъзои рӯйхати доварони баргузидаи ФИФА ҳуқуқи ҳакамӣ намудани бозиҳои мусобиқаҳои байналмилалии КФО ва ФИФА-ро соҳиб мешаванд.

Добавить комментарий