Давлатманд Исломов комиссари бозии “Зобаҳан” – «Бунёдкор» – Федерация Футбола Таджикистана

Давлатманд Исломов комиссари бозии “Зобаҳан” – «Бунёдкор»

Сардори департаменти байналмилалии Федератсияи футболи Тоҷикистон Давлатманд Исломов аз ҷониби Конфедератсияи футболи Осиё ба сифати комиссар таъиноти нав гирифт.

Исломов рӯзи сешанбеи 5 апрел дар бозии даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2016 дар квартети “В” байни клубҳои футболи “Зобаҳан” (Эрон) ва “Бунёдкор” (Узбекистон) комиссар таъин шуд. Бозӣ дар варзишгоҳи “Фӯлод Шаҳр”-и Исфаҳон доир хоҳад шуд.

Ҳаминро қайд мекунем, ки барои роҳбари департаменти байналмилалии Федератсияи футболи Тоҷикистон Давлатманд Исломов ин 62-юм бозии байналмилалӣ мебошад, ки ба ҳайси комиссар хизматрасонӣ мекунад. Қаблан Давлатманд Исломов бозиҳои Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё, марҳилаҳои интихобӣ ва ниҳоии Ҷоми даъвати Конфедератсияи футболи Осиё, марҳилаи интихобии чемпионати Осиё байни наврасони 16 сола ва ҷавонони то синни 19 солаву то синни 23 сола, марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё, марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 ва инчунин бозиҳои марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2016 барои мунтахабҳои 23 соларо ба сифати комиссар хизматрасонӣ намудаст.

Добавить комментарий