Давлатманд Исломов комиссари бозии Сингапур – Камбоҷа таъин шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Давлатманд Исломов комиссари бозии Сингапур – Камбоҷа таъин шуд

Сардори шӯъбаи байналмилалии Федератсияи футболи Тоҷикистон Давлатманд Исломов комиссари бозии байни тимҳои миллии Сингапур ва Камбоҷа таъин шуд. Ин вохӯрӣ дар доираи бозиҳои марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 дар гурӯҳи “Е”, рӯзи 13 октябр дар Сингапур доир мегардад.

Давлатманд Исломов қаблан ба ҳайси комиссар бозиҳои ин мусобиқаро байни тмиҳои миллии Туркманистон – Эрон (1:1) ва АМА – Малайзия (10:0) хизматрасонӣ намудаст.

Добавить комментарий