Давлатманд Исломов комиссари бозии байни Туркманистону Эрон таъин шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Давлатманд Исломов комиссари бозии байни Туркманистону Эрон таъин шуд

Сардори шӯъбаи байналмилалии Федератсияи футболи Тоҷикистон Давлатманд Исломов ба ҳайси комиссар дар бозии даври дуюми марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018 байни мунтахабҳои миллии Туркманистону Эрон таъин шуд.

Бозӣ рӯзи сешанбеи 16 июн дар варзишгоҳи “Спорт Топлум”-и шаҳри Дашогузи Туркманистон доир мешавад. Сардовари ин бозӣ рефери 42-солаи ФИФА аз давлати Баҳрайн Абдулҳусайн Муҳаммад Ҷамил Ҷума мебошад.

Добавить комментарий