Сардори шӯъбаи байналмилалии Федератсияи футболи Тоҷикистон Давлатманд Исломов ба ҳайси комиссар дар бозии даври дуюми марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018 байни мунтахабҳои миллии Туркманистону Эрон таъин шуд.
Бозӣ рӯзи сешанбеи 16 июн дар варзишгоҳи “Спорт Топлум”-и шаҳри Дашогузи Туркманистон доир мешавад. Сардовари ин бозӣ рефери 42-солаи ФИФА аз давлати Баҳрайн Абдулҳусайн Муҳаммад Ҷамил Ҷума мебошад.