Давлатманд Исломов комиссари бозии «Ал-Иттиҳод» – «Локомотив» таъин шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Давлатманд Исломов комиссари бозии «Ал-Иттиҳод» – «Локомотив» таъин шуд

Сардори департаменти байналмилалии Федератсияи футболи Тоҷикистон Давлатманд Исломов ба ҳайси комиссар бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё-2016-ро хизматрасонӣ мекунад.

Исломов дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳо дар квартети «А», дар бозӣ миёни «Ал-Иттиҳод» (Арабистони Саудӣ) ва «Локомотив» (Узбекистон) комиссар таъин шудаст.

Ин бозӣ рӯзи сешанбеи 1-уми март дар варзишгоҳи «Кинг Абдулло Спортс Сити» дар Ҷиидда баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 20:30 ба вақти маҳаллӣ.

Добавить комментарий