Давлатманд Исломов дар бозии 1/8 финали Лигаи чемпионҳои КФО комиссар таъин шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Давлатманд Исломов дар бозии 1/8 финали Лигаи чемпионҳои КФО комиссар таъин шуд

Сардори департаменти байналмилалии Федератсияи футболи Тоҷикистон Давлатманд Исломов дар бозии 1/8 финали лигаи чемпионҳои КФО комиссар таъин шуд.

Исломов бозии ҷавобии 1/8 финалии Лигаи чемпионҳои КФО-ро байни дастаҳои футболи “Шанхай СИНГ” (Хитой) ва “Токио” (Япония) хизматрасонӣ мекунад. Бозӣ рӯзи 24 май дар Шанхайи Хитой доир мешавад. Бозии аввал байни ин дастаҳо бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи дастаи “Токио” анҷом ёфта буд.

Добавить комментарий