Давлатманд Исломов ба Австралия, Қатар ва Лубнон меравад – Федерация Футбола Таджикистана

Давлатманд Исломов ба Австралия, Қатар ва Лубнон меравад

Сардори шӯъбаи байналмилалии Федератсияи футболи Тоҷикистон Давлатманд Исломов ба ҳайси комиссар дар бозиҳои Лигаи чемпионҳо ва Ҷоми КФО таъин шуд.

Рӯзи 7 апрел Давлатманд Исломов бозии марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО дар гурӯҳи «Н» байни «Вестерн Сидней Уондерерс»-и Австралия ва КФ «Сеул»-и Куриёи Ҷанубӣ, санаи 21-уми апрел дар Доха бозии даври панҷуми Лигаи чемпионҳои КФО дар гурӯҳи «С», байни «Ал-Садд»-и Қатар ва «Фӯлод Хузестон»-и Эрон ва санаи 14-уми май бошад, бозии даври ҷамъбастии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО дар гурӯҳи «А» байни «Ал-Ваҳда»-и Сурия ва «Салам Ҷҳарта»-и Лубнонро ба ҳайси комиссар хизматрасонӣ мекунад. Бозии ахирӣ бо сабабҳои вазъи номутаъдили Сурия, дар Бейрути Лубнон доир мегардад.

Добавить комментарий