Давлатманд Исломов ба ҳайси комиссар дар бозиҳои чемпионати Осиё-2016 таъин шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Давлатманд Исломов ба ҳайси комиссар дар бозиҳои чемпионати Осиё-2016 таъин шуд

Сардори департаменти байналмилалии Федератсияи футболи Тоҷикистон Давлатманд Исломов ба ҳайси комиссар дар бозиҳои марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2016 байни мунтахабҳои ҷавонони зери 23-сола таъин шуд.

Мусобиқа аз 12 то 30 январ дар давлати Қатар мегузарад. Мувофиқи қуръакашӣ 16 дастаи мунтахаби ҷавонони зери 23-солаи Осиё ба чор квартети чор дастагӣ тақсим шуданд. Ба гурӯҳи «А» – Қатар, Сурия, Эрон ва Хитой, ба гурӯҳи «В» Арабистони Саудӣ, Япония, ҶХДК ва Таиланд, ба гурӯҳи «С» – Ироқ, Кореяи Ҷанубӣ, Узбекистон ва Яман, ба гурӯҳи «D» – Урдун, Австралия, АМА ва Ветнам шомиланд. Се дастаи беҳтарин соҳиби роҳхат ба Бозиҳои Олимпӣ-2016 ба Рио-де-Жанейрои Бразилия мешаванд.

Добавить комментарий