Дастпарвари футболи тоҷик бо “Локомотив” ғолиби Ҷоми Русия шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Дастпарвари футболи тоҷик бо “Локомотив” ғолиби Ҷоми Русия шуд

Тарбиятдидаи футболи тоҷик, собиқ муҳофизатгари “Помир”-и Душанбе ва мунтахаби миллии Тоҷикистон Игор Черевченко, ки айни ҳол иҷрокунандаи вазифаи сармураббии “Локомотив”-и Москав мебошад, бо дастаи худ – ғолиби Ҷоми Русия-2015 шуд.

Дар бозии ниҳоӣ шогирдони Игор Черевченко дастаи “Кубан”-ро бо ҳисоби 3 бар 1 мағлуб карданд. Вақти асосии бозӣ мусовӣ 1 бар 1 анҷом шуд. Голи “Кубан”-ро Владислав Игнатев ва голи “Локомотив”-ро Байе Няссе зад.

Дар вақти иловагӣ Муборак Буссуфа ва Алексей Миранчук ба задани гол муваффақ шуда, ғалабаи “Локомотив”-ро таъмин карданд.

Ба ин тариқ, Игор Черевченко нахустин нафарест, ки ҳам ба ҳайси бозигар ва ҳам ба ҳайси мураббӣ барандаи Ҷоми Русия мешавад. Игор ба ҳайси бозигар солҳои 1996, 1997, 2000 ва 2001 ғолиби Ҷоми Русия шудааст.

Ғалабаро дар бозии ниҳоии Ҷоми Русия Игор Черевченко ба гиромидошти хотираи падараш – муҳофизатгари маъруфи “Помир”-и Душанбе Геннадий Черевченко бахшидаст.

“Омодагӣ ба Ҷоми Русия барои ман бисёр душвор буд. Бисёр мутаассир будам, зеро ин аввалин Чоме буд, ки дар он ба ҳайси мураббӣ иштирок мекардам. Ташаккур ба бачаҳо барои заҳматашон. Ин ғалаба маҳсули меҳнати онҳост. Ҳар як бозии мо дар Ҷом душвор буд. Худоро шукр, ки кор то пеналти нарасид. Ин ғалабаро ба хотраи падарам мебахшам. Ӯ аз ман футболбоз, мураббӣ ва инсон сохт”, – қайд кард дар мусоҳибааш бо ВАО Игор Черевченко.

ÔÊ Ëîêîìîòèâ - ÔÊ Êóáàíü

Добавить комментарий