Дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия аз 29 то 31 июл якумин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол байни дастаҳои собиқадорони футболи кишварҳои иштирокчии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) барои дарёфти Ҷоми котиботи шӯрои кории СҲШ ширкат мекунад.
Дар мусобиқа дастаҳои собиқадорони футболи Русия, ИДМ, Тоҷикистон, КФ “Рубин” (Қазон) ва КФ “Камаз” (Набережние Челни) иштирок хоҳанд кард.
Ба ҳайати дастаи собиқадорони футболи тоҷик, аз ҷумла, Анваршо Мирзоев, Субҳон Хоҷамов, Миралӣ Шарипов, Сӯҳроб Ҳамидов, Хуррам Нозирӣ, Шуҷоат Неъматов, Дамир Камалетдинов ва дигарон шомил шуданд.
Маросими ботантанаи ифтитоҳи мусобиқа рӯзи 30 июл дар варзишгоҳи “Захираҳои меҳнатӣ” баргузор мешавад. Бозиҳои ниманиҳоӣ ва ниҳоии мусобиқа бошанд рӯзи 31 июл доир мешаванд.
Дар доираи мусобиқа рӯзи 30 июл, инчунин баргузории барномаи фарҳангӣ-варзишии “Афсонаҳои футболи шӯравӣ ва Русия” дар назар дошта шудаст. Мусобиқа барои таҳкими дӯстии халқҳои кишварҳои иштирокчии Созмони Ҳамкории Шанхай, созмон додани Лигаи собиқадорони футболи кишварҳои иштирокчии СҲШ ва рушду инкишофи футбол дар ин кишварҳо нигаронида шудаст.