Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар радабандии нави ФИФА ҷой иваз кард – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар радабандии нави ФИФА ҷой иваз кард

Дар радабандии нави Федератсияи байналмилалии футбол, ки дирӯз ба нашр расид,  дастаи мунтахаби Тоҷикистон панҷ зина поён рафт ва акнун дар зинаи 138-ум қарор дорад.

Мавқеи дастаи мунтахаби мамлакат дар миёни  футболи кишварҳои Осиё низ ду зина коҳиш ёфт ва дар мақеи 22-юм ҷойгир шуд.

Рекорди болоравӣ ин навбат ба дастаи мунтахаби Македония  мутааллиқ шуд ва ин даста якбора 33 зина боло рафта, ба ҷои 133-юм баромад. Ҳиндустон дар ин нишондод дуюм гардид ва 31 давлатро пеш гузашт ва ҷои 101-умро ба худ ихтисос дод.

Дар садри ҷадвали радабандӣ  низ тағйирот ба чашм расид. Дастаи мунтахаби Бразилия Аргентинаро танг карда, як зина боло баромад ва Аргентина ба зинаи дуввум гузашт. Олмон дар ҷои сеюм аст.

Дар миёни дастаҳои пасошӯравӣ дастаи мунтахаби Россия  ба рекорди бадтарини худ дар соли 2009 баргашт ва зинаи 61-умро ишғол мекунад.  Укоаина дар ҷои 37, Ӯзбекистон 60, Россия 61, Арманистонг 67, Белорус 78, Озобойҷон 87, Литва ва Эстония 101, Қазоқистон 105,  Гурҷистон 122, Латвия 124,  Қирғизистон 128, Тоҷикистон 138 ва Туркманистон 140-ум мебошанд.

Дар Осиё дастаи мунтахаби Эрон дар зинаи аввал буда, миёни кишварҳои ҷаҳон мақоми  28-умро дар ихтиёр дорад. Кореяи Ҷанубӣ дуввум (43 –дар ҷаҳон) ва Япония сеюм (44) ҳастанд.

Таснифоти навбатӣ моҳи май ба нашр хоҳад расид.

Добавить комментарий