Дастаи мунтахаби Тоҷикистон 25-уми март барои гузаронидани бозии аввалини расмии интихобии Ҷоми Осиё-2019 бо дастаи мунтахаби Яман ба шаҳри Давҳаи Қатар ҳозир шуд ва 26-уми март нахустин тамринҳои худро дар ин сарзамин созмон дод.
Сармураббии дастаи мунтахаби кишвармон Ҳаким Фузайлов бо ёваронаш ба ғайр аз машқҳои ҷисмонӣ боз паҳлӯҳои тактикии бозиро бо дастаи мунтахаби Яман роҳандозӣ карданд.
Имрӯз дар шаҳри Давҳа конфронси матбуотии сармураббиёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Яман баргузор мешавад. Шоми ҳамин рӯз футболбозони тоҷик машқҳои пешазбозии худро дар варзишгоҳи Суҳейм бин Ҳамад мегузаронанд.
Ёдрас мешавем, ки 28-уми март соати 21:00 бо вақти Душанбе бозии дастаи мунтахаби Яман ва Тоҷикистон дар гурӯҳи «F»-и бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар варзишгоҳи Суҳейм бин Ҳамад доир мешавад.