Дастаи мунтахаб тамринҳоро ба анҷом расонид – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи мунтахаб тамринҳоро ба анҷом расонид

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон машқҳои серӯзаи худро дар пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе ба анҷом расонид. Ҳаким Фузайлов баъди ҷамъабсти тамринҳо 23 нафар бозингаронро барои вохӯрии дӯстона бо дастаи мунтахаби Баҳрайн, 23-юми март ва аввалин бозии расмии интихобӣ бо мунтахаби Яман, 28-уми март интихоб кард.

Ба ҳамин тартиб ба рӯйхати охирин се дарвозабон, 8 муҳофизатгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар шомил шуданд. Дарвозабон   Беҳрӯз Хайриев («Барқчӣ»), муҳофизатгар Соҳиб Саванқулов («Истиқлол»), нимҳимоятгарон Мухсинҷон Парпиев, Кароматулло Саидов (аз «Барқчӣ») ва Фирӯз Қараев («Регар-ТадАЗ») бо сипосгузории сармураббӣ Ҳаким Фузайлов ҷиҳати иштирокашон дар ин машқҳо  ба дастаҳояшон ҷавоб дода шуданд.

Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо хатсайри Душанбе-Дубай-Манама ба Баҳрайн сафар кард ва 23-юми март бозии дӯстонаашро бо мунтахаби ин кишвар баргузор карда, сипас барои бозии аввали интихобии Ҷоми Осиё-2019 бо тими мунтахабюи Яман ба шаҳри Давҳаи Қатар ҳозир мешавад.

 

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Абдуазиз Махкамов («Алай», Кирғизстон), Қурбоналӣ Бобоев («Истиқлол»), Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»);

Муҳофизатгарон: Давронҷон Эргашев («Тараз», Қазоқистон), Искандар Ҷалилов («Дунав», Булғория), Сиёвуш Асроров,  Амирбек Ҷӯрабоев, Табрези Давлатмир, Аҳтам Назаров (ҳама аз «Истиқлол»), Ойбек Абдуғаффоров («Ҳосилот»);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғория), Нозим Бобоҷонов (СК «Баҳрайн», Баҳарайн), Умедҷон Шарифов («Машъал», Ӯзбекистон), Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Эҳсони Панҷшанбе, Ҷаҳонгир Алиев, Ромиш Ҷалилов (ҳама аз «Истиқлол»), Муҳаммадҷони Ҳасан («Ҳосилот»);

Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Ҷаҳонгир Эргашев, Дилшод Восиев (ҳама аз «Истиқлол»), Давронҷон Тӯхтасунов («Хуҷанд»).

Сармураббӣ – Ҳаким Фузайлов.

Добавить комментарий