Дастаи МҶМОВ – ғолиби мусобиқаи гиромидошти хотираи Мирзо Мамадҷонов – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи МҶМОВ – ғолиби мусобиқаи гиромидошти хотираи Мирзо Мамадҷонов

Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ мусобиқаи ҷумҳуриявии гиромидошти хотираи нахустин президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Мирзо Мамадҷонов ба анҷом расид. Дар мусобиқа ҳашт дастаи футболи кӯдакони солҳои таваллудашон 2002-2003 иштирок доштанд.

Мувофиқи низомномаи мусобиқа, дастаҳои ғолиби гурӯҳ дар бозии ниҳоӣ барои ҷоизаи асосӣ бо ҳам рақобат карданд. Дастаҳои ҷои дуюми гурӯҳ бошанд барои медалҳои биринҷӣ вохӯрданд.

Дар гурӯҳи “А” футболбозони навраси Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ (МҶМОВ) ғолиб шуданд. Шогирдони Сафар Раҳмонов ба командаи Мактаби футболи Шариф Назаров (МФШН) бо ҳисоби 6 бар 0, бар “Қаҳрамон”-и Ҳисор бо ҳисоби 7 бар 2 ғалаба карда, бозиро бо “Авиатор” мусовӣ 1 бар 1 анҷом карданд. Ҷои дуюмро дар гурӯҳи “А” дастаи “Авиатор” соҳиб шуд. “Авиатор” низ соҳиби 7 имтиёз шуд, аммо аз рӯи дигар нишондодҳо ҷои аввалро МҶМОВ ишғол намуд.

Дар гурӯҳи “В” “Истиқлол” зинаи якумро соҳиб шуд. “Истиқлол” дар марҳилаи гурӯҳӣ бар “Энергетик” бо ҳисоби 6 бар 2, бар “Фирдавс” бо ҳисоби 4 бар 3 ва бар “Локомотив” бо ҳисоби 1 бар 0 пирӯз шуд. Ҷои дуюмро дар ин гурӯҳ бо шаш имтиёз дастаи “Городок” соҳиб шуд.

Ба ин тартиб дар бозии ниҳоӣ МҶМОВ ва “Истиқлол” рӯбарӯ шуданд. Бозӣ бо ҳисоби 3 бар 0 ба фоидаи шогирдони МҶМОВ анҷом ёфт. Голҳои ғолибонро Муҳаммад Аҳмадов, Файзиддин Наҷмов ва  Шерзод Дадабоев ба самар расониданд.

Дар бозӣ барои ҷои сеюм байни “Авиатор” ва “Фирдавс” дар вақти асосӣ ғолиб маълум нашуд. Дар задани зарбаҳои пеналтӣ бошад бахти футболбозони навраси “Фирдавс” омад кард ва онҳо бо ҳисоби 5 бар 4 ғолиб шуда, барандаи медалҳои биринҷии мусобиқа гардиданд. Дар маросими ҷоизасупорӣ тӯҳфаҳоро ба ғолибон Шариф Назаров, Владимир Мордовин, Вазген Манасян, Шавкат Ахмедов, Алишер Урунов, Анвар Мирзоев ва наздикону пайвандони Мирзо Мамадҷонов супориданд.

Кумитаи тадорукотӣ бозигарони беҳтарини мусобиқаро номбар кард. Аҳлиддин Исматов аз («Фирдавс») беҳтарин дарвозабон,  Аҳлиддин Эргашев аз («Истиклол») беҳтарин муҳофизатгар, Файзиддин Наҷмов аз  (РШВСМ) беҳтарин ниммуҳофизатгар, Алишер Раҳимов аз («Авиатор») беҳтарин ҳамлагар эътироф шуданд. Фаридуни Ғоибалӣ аз (МҶМОВ) бо 6 голи задааш унвони беҳтарин нишонзани мусобиқаро соҳиб шуд.

Добавить комментарий