Дастаи МҶМОВ – ғолиби чемпионати Тоҷикистон байни наврасон – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи МҶМОВ – ғолиби чемпионати Тоҷикистон байни наврасон

Марҳилаи ниҳоии чемпионати Тоҷикистон байни наврасони солҳои таваллудашон 2000-2001 бо ғалабаи дастаи футболи Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ (МҶМОВ) ҷамъбаст шуд. Дар бозии финали наврасони МҶМОВ бар ҳамсолонашон аз Академияи футболи “Истиқлол” бо ҳисоби минималии 1 бар 0 пирӯз шуданд.

Дар мусобиқа ҳашт даста ширкат карданд. Дастаҳо дар марҳилаи гурӯҳӣ мувофиқи қуръакашӣ ба ду гурӯҳи баробар тақсим карда шуданд. Ба гурӯҳи “А” дастаҳои МҶМОВ (Душанбе), ДЮСШ № 2 (Хуҷанд), “Арал” (Абдураҳмони Ҷомӣ), ДЮСШ (Ҳисор) ва ба гурӯҳи “В” дастаҳои футболи ДЮСШ № 1 (Хуҷанд), ДЮСШ (Восе), Академияи “Истиқлол” (Душанбе) ва “Солор” (Душанбе)  шомил гардонида шуданд.

Дар марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳо мувофиқи системаи даврӣ дар як давр баргузор шуда, аз ҳар гурӯҳ ду дастаи пешсаф ба даврӣ баъдӣ баромаданд.

Дар бозиҳои нимфиналӣ наврасони Академияи “Истиқлол” бар ҳамсолнашон аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷлмӣ (5:2) ва наврасони МҶМОВ бар дастаи ДЮСШ № 1 Хуҷанд (4:0) ғолиб шуда, ба бозии финалӣ баромаданд.

Дар бозӣ барои медалҳои биринҷии чемпионат  наврасони мактаби варзишии шаҳри Хуҷанд бар ҳамсолонашон аз “Арал”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ҳисоби минималии 1 бар 0 ғолиб омаданд. Голи ягонаи хуҷандиҳоро Умед Каримов ба самар расонд.

Барои медалҳои тилло ва унвони чемпиони Тоҷикистон байни наврасон дастаҳои МҶМОВ ва Академияи “Истиқлол” вориди рақобат шуданд. Тақдири ин бозиро бошад, голи ягонаи дар қисми аввали вохӯрӣ ба дарвозаи Академияи “Истиқлол” задаи ҳамлагари МҶМОВ Эмомалии Аҳмадхон ҳал кард. Ба ин тартиб, дастаи МҶМОВ бо роҳбарии мураббӣ Носир Ҳамидов унвони чемпиони мамлакатро байни наврасони с.т. 2000-2001 соҳиб шуд.

Баъд аз анҷоми бозиҳои финалӣ маросими ботантанаи мукофотонии ғолибону ҷоизадорони мусобиқа доир гардид. Файзалӣ Ризоев аз МҶМОВ беҳтарин дарвозабони чемпионати Тоҷикистон дар ин синну сол эътироф шуд. Кумитаи тадорукотӣ инчунин беҳтарин бозигарони дастаҳоро низ маълум намуд. Бегиҷон Шоев аз (“Арал”), Баёни Акбар аз (Академияи “Истиқлол”) ва Ҷамшед Мамадҷонов аз (ДЮСШ № 1 Хуҷанд) беҳтаринҳои мусобиқа эътироф шуданд.

Добавить комментарий