Дастаи футболбоздухтарони тоҷик ба Қирғизистон сафар кард – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи футболбоздухтарони тоҷик ба Қирғизистон сафар кард

Дастаи мунтахаби футболбоздухтарони зери 19-солаи Тоҷикистон рӯзи 14 май барои гузаронидани ҷамъомади омӯзишӣ-машқӣ ва се бозии дӯстона бо дастаҳои ҳамсоли худ ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар кард.

Бозиҳои дӯстонаи мунтахабҳои футболи занонаи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзҳои 16, 18 ва 20 май доир хоҳанд гашт. Бозии аввал рӯзи 18 май дар Кант мегузарад. Сармураббии дастаи мунтахаби футболбоздухтарони зери 19 солаи Тоҷикистон Тоҷиддин Наботов дар ин сафар бо худ 15 бозингарро ҳамроҳ гирифтаст, ки аз онҳо 2 нафарашон дарвозабон, 5 нафарашон муҳофизатгар, 5 нафарашон ниммуҳофиз ва 3 нафарашон ҳамлагар мебошанд.   

 

Ҳайати дастаи мунтахаби футболбоздухтарони зери 19-солаи Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Сахина Саидова (Дӯстӣ), Муаттара Рахматуллоева (Норак);

Муҳофизон: Сайрамҷон Холназарова (Қӯрғонтеппа), Озода Хусанбоева (Хуҷанд), Шукрона Хоҷаева (Сарбанд), Нилуфар Абдулҳаева (Норак), Муниса Мирзоева (Душанбе);

Ниммуҳофизон: Дилноза Лалиева (Дӯстӣ), Нӯшини Пайрав (Душанбе), Зулайхо Сафарова (Турсунзода), Сурайё Асроров (Норак), Марҷона Файзуллоева (Сарбанд);

Ҳамлагарон: Ҷонона Ҳалимова (Норак), Муҳайё Рафиева (Вахш), Гулшан Сафарова (Турсунзода).

Сармураббӣ  Тоҷиддин Наботов.

Добавить комментарий