Дастаҳои иштирокчии марҳилаи ниҳоии чемпионати футзали Осиё-2016 маълум шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаҳои иштирокчии марҳилаи ниҳоии чемпионати футзали Осиё-2016 маълум шуданд

Баъд аз анҷоми бозиҳои марҳилаи интихобии чемпионати футзали Осиё-2016 ҳаммаи дастаҳои иштирокчии марҳилаи ниҳоии ин мусобиқа маълум шуданд. Марҳилаи ниҳоии чемпионати футзали Осиё-2016 аз 10 то 21 феврал дар Тошканди Узбекистон баргузор мешавад.

Охирин мунтахабҳои футзале, ки ба марҳилаи ниҳоии чемпионати футзали Осиё-2016 роҳхат гирифтанд, мунтахабҳои миллии футзали Хитой ва Тайбэйи Чин мебошанд.  Ба ин тартиб, рӯйхати пурраи мунтахабҳои футзали иштирокчии марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2016 чунин аст: Узбекистон, Япония, Эрон, Лубнон, Урдун, Арабистони Саудӣ, Қатар, Ироқ, Қирғизистон, ТОҶИКИСТОН, Таиланд, Малайзия, Австралия, Ветнам, Хитой ва Тайбэйи Чин. Мунтахабҳои футзали Урдун ва Арабистони Саудӣ бори аввал аст, ки дар таърихи худ ба марҳилаи ниҳоии чемпионати футзали Осиё роҳхат мегиранд.

Қуръакашии чемпионати футзали Осиё-2016 рӯзи 2 декабр дар Тошканд доир мешавад. Дар қуръакашӣ мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон ҳамроҳ бо мунтахабҳои футзали Қатар, Урдун ва Арабистони Саудӣ «шинонида» мешавад. Ин маънои онро дорад, ки дар марҳилаи гурӯҳии чемпионати футзали Осиё-2016 мунтахаби футзади мо бо ин дастаҳо рӯбарӯ намешавад.

Пеш аз қуръакашӣ дастаҳо дар сабадҳо ба ин тартиб ҷойгир шудаанд:

Сабади 1: Узбекистон, Япония, Эрон, Таиланд.

Сабади 2: Австралия, Лубнон, Ветнам, Ироқ.

Сабади 3: Қирғизистон, Тайбэйи Чин, Малайзия, Хитой.

Сабади 4: ТОҶИКИСТОН, Қатар, Урдун, Арабистони Саудӣ.

Марҳилаи ниҳоии  чемпионати Осиё-2016 дар Узбекистон аз 10 то 21 феврал доир мешавад. Мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон қаблан ҳашт маротиба – солҳои 2001, 2005, 2006, 2007, 2008, 2010, 2010 ва 2014 дар финали чемпионати футзали Осиё иштирок намудаст. Беҳтарин натиҷаи мунтахаби футзали мо дар ин мусобиқа, соли 2007 ба марҳилаи чорякфиналӣ роҳхат гирифтан мебошад.

Ёдрас мешавем, ки марҳилаи интихобии чемпионати футзали Осиё-2016 дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз 14 то 16 ноябр дар маҷмааи варзишии «Қасри варзиш»-и Хуҷанд доир гардид. Дар мусобиқа мунтахабҳои миллии футзали Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Туркманистон иштирок намуданд. Мунтахаби футзали Қирғизистон дар гурӯҳ бо панҷ имтиёз аз зинаи аввал ва мунтахаби футзали Тоҷикистон бо чор имтиёз аз мақоми дувум ба финали чемпионати футзали Осиё-2016  баромаданд.

Добавить комментарий