Дарвозабони асосии мунтахаби Австралия муқобили Тоҷикистон бозӣ намекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Дарвозабони асосии мунтахаби Австралия муқобили Тоҷикистон бозӣ намекунад

Дарвозабони асосии мунтахаби миллии Австралия ва “Валенсия”-и Испания Мэтю Райан дар бозиҳои навбатии марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 бо мунтахабҳои миллии Бангладеш (3 сентябр) ва Тоҷикистон (8 сентябр) наметавонад ба дастааш кӯмак кунад.

Ба иттилои сайти расмии Федератсияи футболи Австралия Мэтю Райан дар даври навбатии чемпионати Испания ба муқобили “Депортиво” (1:1) аз зонӯяш лат бардошт. Ба ҷои ӯ ба ҳайати мунтахаби миллии Австралия ба таври таъҷил дарвозабони 34 солаи “Аделаиди Юнайтед” Юджин Галекович даъват карда шуд. Мавсуф сар аз соли 2009 ҳамагӣ дар 9 бозии мунтахаби миллии Австралия ширкат кардаст.

Қаблан хабар дода будем, ки дар  рӯйхати мунтахаби миллии Австралия 3 тағийрот ба амал омад. Капитани “соккеруз”-ҳо Майкл Единак, ки дар “Кристал Пэлас”-и Англия бозӣ мекунад, лат бардошт ва наметавонад дар ду бозии дарпешистода ба муқобили Бангладеш ва Тоҷикистон дастаашро кӯмак кунад. Ҳамлагарон Томи Юрич (“Рода”, Голландия) ва Робби Круз (“Байер-04”, Олмон) низ ҷароҳат доранд. Ба ҷои онҳо сармураббӣ Ангелос Постекоглум ба ҳайати мунтахаби миллӣ ниммуҳофиз Люк Брэттан (“Брисбен Роар”, Австралия) ва ҳамлагарон Кристофер Икономидис (“Латсио”, Италия) ва Бен Халлоранро (“Хайденхайм”, Олмон) даъват кардаст.

Рӯзи панҷшанбеи 3 сентябр мунтахаби миллии Австралия дар доираи даври сеюми марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018 бо тими миллии Бангладеш бозӣ мекунад. Ин бозӣ дар шаҳри Перт баргузор мешавад. Баъд аз ду рӯз, 5 сентябр мунтахаби Австралия ҷиҳати иштирок дар бозии даври чоруми марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018 бо мунтахаби миллии Тоҷикистон тавассути хатсайри ҳавоии чартерӣ аз Дубай ба Душанбе меояд. Бозӣ миёни Тимҳои миллии Тоҷикистону Австралия рӯзи 8 сентябр, соати 18.00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мегардад.

Билетҳои бозӣ аллакай дар хазинаҳои Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ба фурӯш бароварда шуданд. Нархи билетҳои муҷаррарӣ 20 сомонӣ ва барои “сектори сабз” 100 сомонӣ муайян шудаст. Барои маълумотҳои иловагӣ метавонед бо телефонҳои 987 75 35 35, 935 79 68 66 муроҷиат намоед.

Баъд аз бозии даври чоруми марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018 байни мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Австралия, ки бозии лотореяи варзишӣ доир хоҳад шуд. Дар бозии лотореяи варзишӣ миёни мухлисон тӯҳфаҳои қимматбаҳо – се адад смартфонҳои Samsung S6 ва ҳамин қадар смарт-соатҳои Samsung Gear S бозӣ доронда мешаванд.

Добавить комментарий