Даромад ба бозии Суперҷоми Тоҷикистон ройгон аст – Федерация Футбола Таджикистана

Даромад ба бозии Суперҷоми Тоҷикистон ройгон аст

Рӯзи якшанбеи 3 апрел, дар Варзшгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон доир мешавад. Оғози бозӣ соати 14:00.

Дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2016 чемпиони феълӣ ва барандаи Ҷоми миллӣ дар соли 2015 “Истиқлол”-и Душанбе бо дорандаи медалҳои нуқраи чемпионати соли гузаштаи мамлакат “Хуҷанд”-и Хуҷанд рақобат мекунад.

Дар сурати дар вақти асосӣ мусовӣ анҷом шудани бозӣ ду қисми иловагии иборат аз 15 дақиқагӣ таъин мешавад. Агар дар вақти иловагӣ низ ғолиб муайян нашавад, он гоҳ силсилазарбаҳои пеналтӣ таъин карда мешавад.

Даромад ба Варзишгоҳ барои мухлисон ройгон аст. Ҳамаи мухлисони футболро ба тамошои бозии оғози мавсими нави футболи кишвар даъват мекунем!!!

Добавить комментарий