Дар Тоҷикистон шабакаи варзишӣ таъсис ёфт! – Федерация Футбола Таджикистана

Дар Тоҷикистон шабакаи варзишӣ таъсис ёфт!

Имрӯз, 23 сентябр, дар рафти Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон, қарори дар Тоҷикистон таъсис додани Муассисаи давлатии “Шабакаи варзиш”, аз ҷониби Ҳукмати кишвар тасдиқ карда шуд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми тасдиқи аъзоёни нави коллегияи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмон додани шабакаи панҷуми телевизиони Тоҷикистон, дар назди роҳбарони Кумитаи мазкур ва дигар васоити ахбори давлатӣ вазифаҳои мушаххас гузошта, ҷиҳати беҳдошти барномаҳои ТВ ва дигар шабакаҳои хабарӣ дастурҳои муфид доданд.

Интизор меравад, ки “Шабакаи варзиш” сар аз моҳи ноябр ба фаъолият оғоз мекунад.

Добавить комментарий