Ҳафтаи гузашта ҳангоми сафари кории худ ба вилояти Хатлон, Асосгузори сулҳу ваҳдати Миллӣ, Пешвои Миллат, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои насли оянда санги асоси сохтмони Маҷмааи замонавии варзиширо гузошт.
Ба иттилои дафтари матбуоти президенти мамлакат маҷмааи мазкур марҳала ба марҳала дар майдони ҳаҷмаш 54 га сохта мешавад ва қисми асосии онро майдонҳои хурду бузурги футболбозӣ, майдончаҳои волейболбозиву футболбозӣ, майдони теннисбозӣ, толорҳои болопӯшидаи варзиши баданӣ ва қасри навъи бозиҳои обӣ ташкил хоҳад дод.
Қайд карда шуд, ки дар ин маҷмаа, инчунин варзишгоҳи замонавии дорои 25 ҳазор ҷои нишаст сохта мешавад, ки аз лиҳози меъморӣ то ҳанӯз назираш дар минтақа вуҷуд надорад.