Дар Конибодом сохтмони майдончаҳои футболи хурд оғоз шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Дар Конибодом сохтмони майдончаҳои футболи хурд оғоз шуд

Дар боғи марказии маданӣ-фароғатии шаҳри Конибодом барои сохтмони ду адад майдончаи футболи замонавии сабзаашон маснуъӣ санги асос гузошта шуд.

Чорабиниро баромади намоишии шогирдони мактаби футболи маҳаллӣ ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ҳусни оғоз бахшид.

Раиси шаҳр, ҳамзамон Раиси Федератсияи футболи Конибодом Ғайбулло Боҳирӣ дар баромади кӯтоҳи худ ба Федератсияи футболи Тоҷикистон зери роҳбарии Рустами Эмомалӣ, барои таваҷҷӯҳашон ҷиҳати рушду инкишофи футбол дар Конибодом изҳори сипосгузорӣ баён намуд.

Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯраев дар навбати худ ёдовар шуд, ки аз ҷониби ФФТ бо мақсади  рушду инкишофи футбол дар маҳалҳо, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҳар чӣ бештари шумораи кӯдакон наврасону ба бозии футбол ва тарбияи футболбозони болаёқат барои дастаҳои мунтахаби мамлакат қарор шуд, ки дар шаҳри  Конибодом ду майдончаи замонавии сбзаашон маснуъӣ сохта шавад. Барнома бо маблағгузории шахсӣ амалӣ мешавад. Бисёр умед мебандам, ки ин ташаббус ба рушди футбол дар Конибодом вусъати тоза хмебахшад.

Ноиби президент номи Федератсияи футболи Тоҷикистон ба роҳбарияти клуби футболи «Канд» ва Мактаби варзишии шаҳри Конибодом барои дастгирӣ ва рушди футбол маблағ дар ҳачми 50 ҳазор сомонӣ ваъда кард.

Дар хотима,  Дилшод Ҷӯраев ва Ғайбуло Боҳирӣ зери қарсакҳои пурмавҷи наврасону ҷавонони шаҳр санги асоси сохтмони майдонҳои замонавии футболро гузоштанд.

Добавить комментарий