Дар доираи барномаи баргузории чемпионати Осиё байни мунтахабҳои духтаронаи то синни 14 сола рӯзи душанбеи 25 март, дар меҳмонхонаи “Хаятт Риҷенси Душанбе” семинари якрӯза дар мавзуи масъулияти маишӣ (социальной ответственности) баргузор мешавад.
Семинарро сардори департаменти масъулияти маишии Конфедератсияи футболи Осиё доктор Аннатурай Ранганатхан роҳбарӣ мекунад. Мавзӯи семинар – рушди ҳамаҷониба ба воситаи масъулияти маишӣ мебошад. Дар чорабинӣ намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, бозигарони мунтахаби миллии футболи занонаи Тоҷикистон ва дигарон ширкат мекунанд.
Он гуна ки ба сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон роҳбари департаменти масъулияти маишии КФО доктор Аннатурай Ранганатхан хабар дод, дар семинар мавзӯҳои мубориза бар зидди касалии рак ва фарбеҳшавии занон таҳлилу баррасӣ мешавад. Семинар кори худро соати 9:00 оғоз мекунад.
Баъд аз анҷоми семинар маросими мукофотонии “Орзуи Осиё”-и КФО доир мешавад, ки дар он ба ҷоизаҳои инфиродӣ беҳтарин ташкилоти ғайридавлатӣ ва ғолибони дараҷаҳои дастҷамъию инфиродӣ аз рӯи натиҷаи ҷамъбасти натоиҷи соли 2015 мукофотонида мешаванд. Ҷоизаҳоро ба ғолибон раиси кумитаи масъулияти маишии Конфедератсияи футболи Осиё, президенти Федератсияи футболи Арабистони Саудӣ Аҳмад Еид Ал-Ҳарбӣ тақдим мекунад.