Дар Душанбе семинар КФО оиди омодагии ҷисмонӣ дар футбол оғоз шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Дар Душанбе семинар КФО оиди омодагии ҷисмонӣ дар футбол оғоз шуд

Дар меҳмонхонаи “Пойтахт”-и шаҳри Душанбе дар арафаи оғози мавсими нави футболи кишвар, рӯзи 12 март, семинари Конфедератсияи футболи Осиё оиди омодагии ҷисмонии футболбозон барои мураббиёни дастаҳои футболи лигаи олии Тоҷикистон шурӯъ гардид.

Чорабинӣ дар доираи барномаи рушди “Kick-Off”-и Конфедератсияи футболи Осиё дар Тоҷикистон ташкил карда шудаст. Семинарро дастурдиҳандаи Конфедератсияи футболи Осиё Абдулҳусейни Парнов аз Ҷумҳурии Исломии Эрон роҳбарӣ мекунад. Барномаи семинари панҷрӯза омилҳои асосии амалӣ ва назариявиии омодагии ҷисмониро дар футбол фаро мегирад.

Дар рафти семинар дастурдиҳандаи Конфедератсияи футболи Осиё  ба мураббиёни тоҷик аз таҷрибаи худ оиди муттаҳид гардонидани машғулиятҳои омодагии ҷисмонии инфиродӣ ва даставии бозигарон нақл намуда,  инчунин то кадом андоза дар футбол муҳим будани омодагии ҷисмонии футболбозонро низ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳад.

Роҳбари департаменти баргузории мусобиқаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов дар маросими ифтитоҳи семинар баромад карда, аз ҷумла чунин қайд намуд: “Боварӣ дорам, ки семинари Конфедератсияи футболи Осиё оиди омодагии ҷисмонии футболбозон барои мураббиёни мо хеле муфиду манфиатнок аст ва шумо донишҳои дар давоми ин семинар аз худ кардаатонро дар фаъолияти корӣ самаранок истифода мекунед”.

Добавить комментарий