Дар Душанбе мусобиқа барои Ҷоми Иттиҳоди футзали Тоҷикистон оғоз гардид – Федерация Футбола Таджикистана

Дар Душанбе мусобиқа барои Ҷоми Иттиҳоди футзали Тоҷикистон оғоз гардид

Имрӯз, 7-уми март дар маҷмааи Кумитаи андози ҷумҳурӣ, ки дар шаҳри Душанбе воқеъ аст,  мусобиқа барои Ҷоми Иттиҳоди футзали Тоҷикистон оғоз ёфт.

Рақобатҳо давоми 10 рӯз, аз 7-ум то 16-уми март гузаронида мешаванд. Аз рӯи қуракашӣ дастаҳо ба ду гурӯҳи иборат аз чор даста  ҷудо карда шуданд. Ба гурӯҳи «А» «Формула-55», «Соро компания», «Сино» ва «Буря Халифа» ва ба  гурӯҳи «Б» дастаҳои «Самандар», «Сохтмони Кишвар», «ДИСИ Инвест» ва РТСУ (Донишгоҳи славиянии Тоҷикистону Россия) шомил шуданд.

Аз рӯи низомнома бозиҳо дар як давр гузаронида мешаванд ва ду дастаи беҳтарин муборизаро барои Ҷом идома медиҳанд. Давомнокии вохӯриҳо 40 дақиқа (ду қисми иборат аз 20 дақиқа, вақти тозаи бозӣ) муайян шудаанд.

Мақсади асосии баргузории ин мусобиқа, аслан омодагии дастаҳо ба бозиҳои футзали чемпионати мамлакат, ки моҳи апрел шурӯъ мегардад, ба ҳисоб меравад. Аз рӯи иттилои роҳбари шӯъбаи футзали ФФТ Фурқат Аҳмадҷонов имсол дастаҳои иштирокчии дараҷаи «Про» танҳо маблағро барои ҳаққи ширкат дар мусобиқа таслим мекунанд. ФФТ пардохти хизматрасонии толорҳо ва доваронро ба ӯҳдаи худ мегирад.

 

Ҷоми Иттиҳоди футзали Тоҷикистон

Даври аввал

7 март (сешанбе)

10:00 – «Формула-55» – «Буря Халифа»

11:30 – «Самандар» – РТСУ

13:00 – «Соро компания» – «Сино»

14:30 – «Сохтмони Кишвар» – «ДИСИ Инвест»

Добавить комментарий